Гадои кӯии ту аз подшо наяндешад
Ки подшоҳи зи ҳол гадо наяндешад
Маро ки ошиқам аз тарки сар чаҳ андеша
Асири ишқи зи тир қазо наяндешад
Касе кунад ба маломати ҷазоӣ бе хабарон
Ки аз маломати рӯз ҷазо наяндешад
Ба худ фурӯи рӯм аз фикри зулфи ту ҳар шаб
Ки ҳеҷ кас набӯд каз бало наяндешад
Чаҳ боки чашми туро гар бирехт хӯни дилам
Ки масти арбадаи ҷӯ аз хато наяндешад
Заруратаст бар он кас ки ишқ ме бозад
Ки аз таҳаммули бор ҷафо наяндешад
Касе ки рӯй ту бинад дуо кунад зеро
Ки пеши қибла касе ҷуз дуо наяндешад
Басони ғамза ту нест золимии дигар
Ки хӯн халқ хӯрд ва аз худо наяндешад
Ҷалолро ҳамаи андеша аз бидонадяш аст
Ту чора аиш биандеш то наяндешад