Баҳори имсоли бас хуш менамояд

Чу рӯй ёр дилкаш менамояд

зи ранги лолаҳои нави шукуфта

Ҳамаи саҳро мунаққаш менамояд

Магар гул ғофиласт аз умри кӯтаҳ

Ки чунин хуррам ва каш менамояд

Бунафша дӯш мехӯрдаст гўӣӣ

Ки ҷаъдаши бас мушавваш менамояд

Дили лолаи нигар ҳамчун дили ман

Ки дар ишқаш пуроташ менамояд

Бъинаҳи тоҷи наргис ҳамчу моҳаст

Ки парвини гирд ӯ шаш менамояд