Тамошо мекунам аз даври ҳаркасӣ дилбарӣ дорад

Чаҳ тадбир эй мусулмонони дили ман кофарӣ дорад

Ба хӯни ман чаро кӯшад сари зулфин хунхораш

Магар зулфаш намехоҳад ки чун ман чокарӣ дорад

Маро гуфтигар аз сангии туро ғам нест гирданд

Ту ин маънӣ касеро гӯ ки аз ҳастӣ дарӣ дорад

Дили андари васл чу набандам ки васли ту касе ёбад

Ки ҷузи ашкаш буд симӣ ба ҷузи чеҳра зарӣ дорад

Маро то дастрас набӯд ба васл аз пой нанишинам

Ҳаме ҷӯям ки медонам ки ин ришта сиррӣ дорад