Чист адл онкӣ бигузарӣ зи фузул

Накунӣ аз тариқи шаръи удӯл

Шаръро насби айни худ созӣ

Чашм бар ғайр он наяндозӣ

Чун гуморӣ ба кори андеша

Шева ростӣ кунӣ пеша

Аввали онро ба шаръсозӣ рост

Онгаҳ оре ба ҷой бе каму кост

Зонка мизони муъаддилат шаръ аст

Шаръ асласту ғайри он фаръ аст

Ҳар чаҳ набӯд ба вифқи он мизон

Адл номаш манеҳ ки зулмаст он

Давр бошад зи таври диндорӣ

Ки кунӣ зулму адли пиндорӣ