Хусравиро ки буд фарзандон
Вақт рафтан расед азин зиндон
Ҳар якеро ба ҳилаи корӣу фан
Дод тирӣ ки зӯр кун башикан
Як ба якро чу қӯти тан буд
Зӯр кардан ҳамон шикастан буд
Тирҳо даста кард дигари бор
На фузун ва на кам азон ба шумор
Натавонист кас ки зӯр занад
Дастаи тирро ба ҳам шаканд
Гуфт бошед агар ба ҳам ҳам пушт
Бишиканади зуди пушти хасми дурушт
Вар бидоред аз ончӣ гуфтам даст
Зудатони аўФтди зи хасми шикаст
Як як ангушт агар диҳӣ ба касе
Ки буд зӯр ӯ кам аз ту басӣ
Тобади ангушти ту чунон ба шитоб
Ки дар он тофтан равад зи ту тоб
Вар ба ҳар панҷ то беш панҷа
Дасташ аз тофтан кунӣ ранҷа
Ҷамъро ҳаст қӯти муътод
Ки набошад муяссар аз оҳод