Бингар дар намози вақти амал
Ки ҷамоат дар ӯ буд афзал
Зонка аз иҷтимои қавму эмом
намешавад нашъаи намози тамом
Яке аз қавм агар буд зи ғурур
Дар намозаши зи саҳву лаҳви қусӯр
Бошад аз рои ҳиммати олӣ
Дайгариро намоз азон холӣ
Вар яке бошадро шароиту арқон
Набӯд бетафовуту нуқсон
Дайгарии ҳам буд ки он аъмол
Карда бошад адо ба ваҷҳи камол
Вари якеро буд қиёму рукӯъ
Холӣ аз ҳайати хушўъу хузўъ
Дайгарии хошиъ ончунон бошад
Ки дар аҳвол ӯ аён бошад
Вари яке зон миёни парешони дил
Бошад аз фикрҳои бе ҳосил
Дайгарӣ аз хаёли давр буд
Ғарқи ҷамъияту ҳузур буд
Як намоз аз ҳама шавад ҳосил
Ки ба мизони дайн буд комил
Комил ар набӯд он буд бе шак
Ки буд беш фазлаш аз ҳар як
Асари он ба ҳамгинон бирасад
Чун асарҳои файзи ҷон ба ҷасад
Ҳама зон файз зиндагӣ ёбад
Завқи одоб бандагӣ ёбанд
Шавад аз ҳамдилӣу ҳамкорӣ
Завқ ҳар як ба дигарон сорӣ
Пеши равшандилони неки хисол
Ҳаст равшани сирояти аҳвол