Набарди феълро чаҳ хайр ва чаҳ шар

Ончӣ гуфтам зи ихтиёри бадар

Он буд ихтиёр дар ҳар кор

Ки буд фоили андари он мухтор

Маънии ихтиёр фоил чист

Онкии фоил чу феълро нагирист

Эзади андари дилаш ба фазлу ршод

Дараки хайряти вуҷӯди ниҳод

Яъне онаш ба дида хайр намӯд

Коед он феъл аз адам ба вуҷӯд

Мунбаис шуд азон иродату хост

Кард эҷоди феъл ва бе каму кост

Дараки хайряти ихтиёр буд

Ваон ба таълими кирдигор буд

Ҳар чаҳ ин илм ва хост шуд сабабаш

Ихтиёрӣ наад хиради лақабаш

Вончаҳ бошад бидӯни ин асбоб

Изтирорӣаст ном ӯ дарёб

Бошад аз ихтиёру қудрати давр

Фоили он буд бар он маҷбур

Ҳамчуи барги дарахту шохи шаҷар

Ки биҷунбад зи боди шому саҳар

Ҳар ки дар феъли худ буд мухтор

Феъл ӯ давр бошад аз иҷбор

Гарчи аз ҷабри феъл ӯ давр аст

Андари он ихтиёр маҷбур аст

Врчаҳ беихтиёр кораш нест

Ихтиёри андар ихтиёраш нест