Халқи олами ҳама дарин коранд

Рӯ ба ваҳму хаёл худ доранд

Ҳамаи андари худопарастии фош

Лекини озри сифати худои тарош

Ҳар касе бар умеди беҳбӯдӣ

Баста бо худ хаёли маъбудӣ

Рӯй таъзими худ дар ӯ карда

Меҳр ӯ дар дарунаи парварда

Ба ибодат агар чаҳ машғӯл аст

Обиди он илоҳ маҷъӯл аст

Рӯзи ҳашар ки бар умуми башар

Ҳақ таҷаллӣ кунад ба ҷумлаи сувар

Он таҷаллии зи ҳазрати аҳадаш

Набӯд ҷуз ба вифқи муътақидаш

Ҷуз дар он сӯрат ар шавад зоҳир

Гардад онро зи ҷоҳилии мункир

Чун таҷаллӣ ки дар маъод буд

Ҳама бар тибқи эътиқод буд

Макун ӯро ба эътиқодии хос

Шӯи зи қайд ҳар эътиқоди халос

Нест ҳасрии худоироу ҳаддӣ

Ки муқайяд шавад ба муътақидӣ

Таҳтаи хома ақоид бош

Дар ҳамаи сӯраташ мшоҳд бош

Шӯи ҳаюлои ҷумлаи муътақидот

Бӯ ки ёбии зи қайду ҳасри наҷот