Ҳамди тасбеҳи ҳақи бад-ӣни қонӯн
Ки расонида шуд ба арз акнӯн
Ба лисон далолат омаду ҳол
На ба тартиби лафзу ҳарфу мақол
Вена ба самъ хирад шавад мадрак
Вондр ин нест ҳеҷ касро шак
Лек арбоби кашфу аҳли аён
Дар ҷамоду набот ва ҳар ҳайвон
Нутқи дигар ҳаме кунанд исбот
Дар ҷамеъи мўотну авқот
Ҳамаи мустанади зинда ва гуё
Холиқи хешро ба ҷони ҷӯё
Ҳамду тасбеҳи ҳақ ҳаме гӯйанд
Роҳи қурбу ризои ҳамеи пўинд
Тизгўшон ки самъашони мубаддил
Шуд ба самъ дигар зи нури азал
Ҳамду тасбеҳи шан ҳаме шунаванд
Гарчи аҳл назар наме гараванд
Муртазо гуфт бо расӯли худо
Рафтам аз Маккаи ҷониби саҳро
Ҳеҷ сангу дарахти номади пеш
Ки нагуфтӣ салом бе кам ва беш
Ибн масъӯд гуфт вақти таом
намешунидем аз таоми калом
Ба забони фасеҳу лафзи сариҳ
Хуш ҳаме гуфт баҳри ҳақи тасбеҳ