Одамӣ чист барзахии ҷомеъ
Сӯрати халқу ҳақ дар ӯ воқеъ
Нусха муҷмаласту мазмунаш
Зоти ҳақу сифоти бичўнш
Муттасил бо дақоиқи ҷабарут
Муштамил бар ҳақоиқи малакӯт
Ботинаш дар муҳӣти ваҳдати ғарқ
Зоҳираши хушки лаб ба соҳили фарқ
Як сифат нест аз сифоти худо
Ки на дар зот ӯ буд пайдо
Ҳам алӣамаст ва ҳам самиъу басир
Мутакаллими мурӣду ҳӣу қадир
Ҳамчунин аз ҳақоиқи олам
Ҳамаи чизе буд дар ӯ мдғм
Хоҳии афлоку хоҳии арқони гир
Хоҳи кон ё наботу ҳайвони гир
Сӯрати неку бади навишта дар ӯ
Сирати дев ва дад сиришта дар ӯ
Гарна мроти ваҷҳи боқӣ буд
Аз чаҳ рӯ шуд фириштаро масҷуд
Буд акси ҷамоли ҳазрати пок
Агар Иблиси паии набард чаҳ бок
Ҳар чаҳ дар ганҷи канти канзи ниҳон
Буд , дар вай худо намӯд аён
Халқро дар зуҳӯри пайдое
Ҳастӣ ӯст иллати ғое
Зонка ирфон буд сабаби он ро
Ва ӯст мазҳари камоли ирфон ро