Гуфт Довӯд бо худоӣ ба роз
К-эй мубарро зи аФтқору ниёз
Чист ҳикмат дар офариниши халқ
Ки азон қосираст бениши халқ
Гуфт будам пар аз гуҳари ганҷӣ
Махфӣ аз чашм ҳар гуҳар санҷӣ
Худ ба худ дар худ он ҳамаи гавҳар
Дидамӣ бе тавассути мазҳар
Хостами кони ҷавоҳири макнун
Бинмоем зи зоти худ берун
То ки беруни азин нишемани роз
Гардад аҳкомашони зи ҳам мумтоз
Ҳама ёбанд сӯй ҳастӣ роҳ
Аз худу ғайр худ шаванд огоҳ
Офаридами гҳршносӣ чанд
То гушойанд азон гуҳарҳо банд
Гавҳари ҳасанро кунанд изҳор
То шавад гарми ишқро бозор
Рӯй хубони бидонади бёроинд
Ишқи ушшоқ азон бифзоианд
Чист он ганҷ , ганҷи зоти худо
Ваон ҷавоҳир , ҷавоҳири асмо
Буд асмои наҳуфтаи андари зот
Шуд аён аз зуҳӯри мавҷӯдот
Дошт асмои ҷамоли пинҳонӣ
Лекин аз рутбаҳои эмеконе
Шуд зи як ҷилваи он ҷамоли ниҳон
Зоҳири андари мазоҳири имкон
Ҳар ҷамолу камоли фархунда
Ки буд дар ҷаҳони пароканда
Партави он камоли дону ҷамол
Баҳри тафсили рутбаи иҷмол
Сифати илмро бибин Маслан
Ҷилвагар дар маҷолии уламо