Рӯй ошиқи нахуст дар хеш аст
Дил ӯ аз барои худ риш аст
Гар бихоҳад барои худ хоҳад
Вар бакоҳад барои худ коҳад
Ҳамаи гирди мурод худ гардад
Баҳри банду кушод худ гардад
Бошад аз ҷоми ишқи мастӣ ӯ
Дӯст бошад туфайл ҳастӣ ӯ
Дӯстро чун ба ком худ ёбад
Сайди мақсӯди ром худ ёбад
Вар буд бар хилофи мақсӯдаш
Зон тағобун ба сар равад дӯдаш
Ин на ишқаст хўиштндорист
Ба ҳавоҳои худ гирифторӣаст
Ҳеҷ ошиқи ҳаво писанд мабод
Ба муродоти нафас банд мабод
Ҳайфи оқил ки нақди умри нафис
Ҳеҷ созад барои нафаси хасис
Хайри худро зи суду мояи нафас
Нашносад ба ғайри вояи нафас
Бас ки бошад фурӯди пояи вай
Шар буд ҳар чаҳ ҳаст вояи вай
Ҳар чаҳ бо вояи ваии анҷомад
Хайр хонд бар он бёромд
Шукр гуяд басӣ ки охири кор
Ёфт кораш ба ваҷҳи хайри қарор