Мътмр гуфт он манам инак

Ҳар чаҳ хоҳии змони манам инак

Хости чандон зари тамоми айёр

Ки мсоқил он расад ба ҳазор

Баъд азон низ даҳ ҳазор дирам

Сими холис на беш азон ва на кам

Ҷомагии сад зи барадҳои Яман

Сад дигар азон фузун ба саман

Нофаҳо машку таблаҳо анбар

Ақдҳои мурассаъ аз гавҳар

Мътмр гуфт то се чори нафар

Зуд карданд бар Мадинаи гузар

Ҳар чаҳ ҷустанд ҳозир овараданд

Маҷлиси ақд мунъақид карданд

Ақди бастанди он ду мафтӯн ро

Шод карданд он ду маҳзун ро

Ду асири каманди якдигар

Чашми бадро сапанди якдигар

Рух ба рух шодмон шуданд аз ҳам

Лаб ба лаб Комрон шуданд аз ҳам

Ин шуд онро ба бӯсаи марҳами доғ

Он шуд инро ба хандаи ғунчаи боғ

Танг бо ҳам чу ғунча шаб хуфтанд

Ҳамчуи гули субҳгоҳи бшкФтнд

Тофта рӯй шуғл аз ҳамаи кор

Шуғлашони бӯса буду кори канор

То ба чли рӯзи корашони ин буд

Ҳосили рӯзгорашони ин буд