Буд шоҳӣ ба фазлу донишу рой

Роҳати ҷони бандагони худоӣ

Ҳамаи ахлоқ ӯ писандида

Аз раҳи ақл ва дайн налағзида

Лек хашмаши зи ҳади бурун будӣ

Зери фармони он забун будӣ

Аз дилаш чун ғазаб забона задӣ

Шуъла дар хирман замона задӣ

Зини сабаби рӯзу шаби парешон буд

Ҳар чаҳ мекард азон пушаймон буд

Хашм бо никхўоаҳ ё бадхоҳ

Аз ҳамаи кас бадаст хоссаи зи шоҳ

Хашм коед зи шаҳи касонро пеш

Ончунон хашм ноед аз дарвеш

Хашми дарвеши хону мони сӯзад

Хашми шаҳи ҷумлаи ҷаҳони сӯзад

Хашм он носазост ё дашном

Хашми ин ранҷи хосу куштани ом

Хашми он бар сар забон бошад

Хашми ин дар газанд ҷон бошад

Шуд шабии ин ҳадисро хоно

Бар ҳакимӣ ба корҳо доно

Гуфт бо ӯ ҳакими дониши кеш

К-эй ба дониши зи шаҳриёрон беш

Чун занад шуълаи оташи ғазабат

Созад аз тоби хеши хушки лабат

Бо худ андеша кун ки ин оҷиз

Нест беруни зи малики ман ҳаргиз

Гардан ӯ ҳамеша паст ман аст

Задану куштанаш ба даст ман аст

Дар сиёсати шитоб кардан чист

Бе фаросати азоб кардан чист

Куштани зиндагони бас осон аст

Зинда чун кушта шуд чаҳ дармон аст

Ба сФаҳ дар шудан ба кор ки чаҳ

Додан аз дасти ихтиёр ки чаҳ

Ихтиёрӣ ки додааст худоӣ

Даст азон чун кашами зи сустии рой

Шукри онро ки подшоҳи манам

Аз баду неки кӣнаи хоҳи манам

Нест ӯро ба подшоҳии хеш

Даст бар ман ба кӣнаи хоҳии хеш

Ба ки бар ҳол вай бибахшоем

Гардан ӯ з банд бигушоем

Гар бубахшам сазояш аз тақсир

Чанд рӯзӣ дар он кунам таъхир

Бӯ ки равшан шавад ҳақиқати кор

Дили нёзордм азон озор

Ҳар саҳар чун з хоб бархезӣ

Пештар зонка бо кас омезӣ

Ин сабақро ба худ мукаррар кун

Рафтан худ бар он муқарар кун

То шавад табъи ин такаллуфи ту

Ба тадаббур равад тасарруфи ту

Чанд рӯзии ниҳоди шоҳи Карим

Банд бар хашми худ ба панди ҳаким

Хашм ӯ шуд бадал ба хўшнўдӣ

Кораш оварад рӯ ба беҳбӯдӣ

эй хушо вақти шоҳ дониш кӯш

Боз карда ба аҳли дониши гӯш

Карда онгаҳ ба ҳукми дониши кор

Баргирифтаи зи халқи олами бор