Бишинав эй хоҷаи ин ҳикоят ро

Бингар ин донишу дироят ро

Ту ҳам охири зи ҷинси одаме

Бо малик дар мақоми муҳарраме

Гар қалам май занӣ бад-инсон зан

Гавҳари мкрмти азин кон кун

Вар на бификан қалам ки аз муштат

Бод бо ӯ фиканда ангуштат

Рӯй нарму дили дурушт ки чаҳ

Бо дирафши замонаи мушт ки чаҳ

Чанд бар ҷоҳу мол ларзидан

Чанд визру вабол варзидан

Қиссаи золимон ки бишунидӣ

Кайфари зулмҳо ки худ дидӣ

Ҳеҷ азон эътибор нагирифтӣ

Тарки ин кор ва бор нагирифтӣ

Пеш азон дам ки ҳамчу саг мерай

Дар раҳи зулми тез таг мерай

Одамии гирд ва аз сегӣ бози ой

Бо сифоти фириштаи дмсози ой

Вар на тарсам ки олами гузарон

Бо ту ҳам он кунад ки бо дгарон