эй ба шоҳӣ кашида сар ба сипеҳр

Хоки пой ту гашта афсари меҳр

Дод фазли худояти он поя

Ки шудӣ мари худоиро соя

Аз такаббур мабар ба гардуни сар

Сояро ҷой бар замини хуштар

Ҷои соягар осмон будӣ

Халқро кӣ зи хури амон будӣ

Ҳар киро теғи хур ба фарқ сар аст

Соя ӯро зи захми он сипар аст

Ҳақи нишондат ба тахт додгарӣ

То кунӣ пеши теғҳо сипарӣ

На ки худ теғ хўнФшон бошӣ

Офати ҷони ин ва он бошӣ

Адлро рӯ ба чарх воло кун

Зулмро дар чаҳ адам ҷо кун

Бехи золими зи боғ малик бикун

Шохи зулм аз дарахт дайн башикан

Тарсами ин шохат оварад зон бех

Бори тъииру миваи тавбих

Дасти золим агар наёрӣ баст

Ки наёрад ба кори халқи шикаст

Бар ҷаҳон шаҳриёр ӯст на ту

Соҳиб иқтидор ӯст на ту

Даҳ зи авранги хусравии пушташ

Хотам малик кун дар ангушташ

Зулми як кас кашӣдан осон аст

Зулмҷу чун ду шуд фаровон аст

Тез каз як тараф расад ба мард

Ба сипари дафъ он тавонад кард

Вари з ҳар сӯи се ва чаҳор буд

Чора ё марг ё фирор буд