Кист дръолми зи ошиқи зортар

Нест кор аз кор ӯ душвортар

Неи ғами ёр аз дилаш зоил шавад

Неи таманнои дилаш ҳосил шавад

Мояи озор ӯ бегоҳу гоҳ

Таънаи бадхоҳу панди никхўоаҳ

Чун саломони он насиҳат ҳо шунид

Ҷомаи осӯдагӣ бар худ дарид

Хотираш аз зиндагонӣ танг шуд

Сӯии нобӯди худаш оҳанг шуд

Чун ҳаёти мурданӣ дар хур буд

Мурдагӣ аз зиндагии хуштар буд

Рӯй бо абсол дар саҳрои ниҳод

Дар фазои ҷонфишонии пои ниҳод

Пуштаи пуштаи ҳема аз ҳар ҷо бурид

Ҷумларо якҷо фароҳам оваред

Ҷамъ шуд зон пуштаҳо кӯҳии баланд

Оташӣ дар пуштау кӯҳ ӯ фиканд

Ҳар ду аз дидори оташ хуш шуданд

Даст ҳам бигрифта дар оташ шуданд

Шаҳ наоне воқифи он ҳол буд

Ҳимматаш бар куштани абсол буд

Бар муроди хештан ҳиммат гумошт

Сӯхт ӯроу саломонро гузошт

Буд он ғаш бар зар ва ин зари хуш

Зари хуш холис бимонаду сӯхти ғаш

Чун зари мағшуш дар оташ фитад

Гар шикастии аўФтд бар ғаш фитад

Кор мардон дорад аз яздони насиб

Нест ин аз ҳиммати мардони ғариб

Пеши соҳиби ҳиммати ин зоҳир буд

Ҳар ки беҳиммат буд мункир буд