Сонеъ бе чун чу олами офарид

Ақли аввалро мақдами офарид

Даҳ буд силки уқул эй хурдаи дон

Ваон даҳум бошад муассир дар ҷаҳон

Коргар чун ӯст дар гетии тамом

Ақли фаъолаш азон карданд ном

ӯст дар олами мФизи хайру шар

ӯст дар гетии кафили нафъу зр

Несташ пайванди ҷисмонӣу ҷисм

Ганҷ ӯ мустағнӣ омад зини тилисм

ӯ ба зоту феъли худ зинҳо ҷудост

Кард бе пайванди инҳо ҳар чаҳ хост

Рӯҳи инсони зода таъсир ӯст

Нафаси ҳайвони сухра тадбир ӯст

Зери фармон вайанд инҳо ҳама

Ғарқи эҳсон вайанд инҳо ҳама

ӯ шаҳ фармондиҳаст ва дигарон

Зери фармони вай аз Фрмонброн

Чун ба наъти шоҳӣ ӯ оростаи сет

Роҳдон аз шоҳ ӯро хостаи сет

Бар ҷаҳони файзӣ ки аз вай ме расад

Бар вай аз боло паёпай ме расад

Пеши донои роҳдони булъаҷаб

Файзи болоро ҳаким омад лақаб

Рӯҳи покаши нафас гуё гашта исм

Зодаи зин ақласт бе пайванди ҷисм

Ҳаст бе пайвандии ҷисмаши мурод

Он ки гуфт ин аз падар бе ҷуфти зод

Зодае баси покдомони омадаи сет

Номи ин зодаи саломони омадаи сет

Кист абсоли ин тани шаҳвати параст

Зери аҳком табиат гашта паст

Тан ба ҷони зиндаи сету ҷон аз тани мудом

Гирад аз идроки маҳсусоти ком

Ҳар ду зон рӯ ошиқ якдигаранд

Ҷуз ба ҷабр аз суҳбат ҳам нагузаранд

Чист он дарё ки дар вай бӯдаанд ?

Вази висоли ҳам дар ӯ осӯдаанд ?

Баҳри шаҳватҳои ҳайвонии сети он

Лаҷаи лаззоти нафсонии сети он

Олимӣ дар мавҷ ӯ мустағриқанд

Вондри астғроқ ӯ давр аз ҳақанд

Чист он абсол дар суҳбати қариб ?

Ваон саломон монад аз вай бе насиб

Бошад он таъсири сини инҳитот

Тай шудани олоти шаҳватро бисот

Карда ҷои маҳбӯби табъи андари канор

Ва олати шаҳвати фурӯмондаи зи кор

Чист он майли саломони сӯии шоҳ ?

Ваон ниҳодани рӯ ба тахти ъзу ҷоҳ ?

Майли лиззатҳои ақлӣ кардан аст

Рӯ ба дори алмалики ақл овардан аст

Чист он оташ ? риёзатҳои сахт

То табиатро занад оташ ба рахт

Сӯхт зон осори табъ ва ҷон бимонад

Доман аз шаҳавот ҳайвонӣ фишонд

Лек чун умрӣ ба оташ буд хуй

Гуҳи гуҳаши дард фироқ омад ба рӯй

Зон ҳакимаши васфи ҳасан Зуҳра гуфт

Кард ҷонашро ба меҳри Зуҳраи ҷуфт

То ба тадриҷ ӯ ба Зуҳра орамид

Вази ғами абсолу ишқ ӯ раҳед

Чист Зуҳра ? он камолоти баланд

Каз вусӯл он шавад ҷони арҷманд

Зон ҷамоли ақл нӯронӣ шавад

Подшоҳи малик инсонӣ шавад

Бо ту гуфтам муҷмали ин асрор ро

Мухтасар оварадам ин гуфтор ро

Гар муфассал боядат фикрӣ бикун

То ба тафсил ояд асрори куҳан

Ҳам бар ин иҷмоли кории ин хитоб

Хатм шуд валлоҳи аълами боолсўоб