Деви нажодӣ чу яке тираи абр

Лаб чу хами нили кабӯду стбр

Занг чу ангушти ниФрўхтаҳ

Чеҳра чу чубини тибқии сӯхта

Мондаи даҳан чун даҳани ҷиФаҳи боз

Ношуда ҳамчун дар меҳнати фароз

Ёфт ба раҳи оинае грднок

Сохт ба домани Рахш аз гирди пок

Дида чу бар рӯй ваяш орамид

Шаклӣ аз инсон ки шунидӣ бидид

Оби даҳон бар рух покаш фиканд

Вази кафи худ хор ба хокаш фиканд

Гуфт ки то қадар ту нашнохтанд

Бар раҳати ин гӯна нияндохтанд

Пеши касони пастии миқдори ту

Нест ҷуз аз зиштии дидори ту

Тинат агар пок чу ман будят

Кӣ ба гулу хоки ватан будят

Аз баду некӣ ки паии андар пай аст

Баҳра ҳар чиз ба қадар вай аст

Чун ба рухи хеши назар кам кушод

Айб бар ойӣна на бар худ ниҳод

Буд ҳамаи нуру сафои оина

Шуд зи Рахши айби намои оина

Талъат ӯ буд бдонсони сиёҳ

Оинаро чист надонам гуноҳ

Ҷомии азин гунбади ойӣнаи ранг

Ҳар чаҳ намояд ба гуҳи сулҳу ҷанг

Кони сабаби роҳат ва озор туаст

Чуннигарӣ сӯрат кирдор туаст