Роҳибиро дар дил зад ғами дайн
Шуд дарин дайри ду дар гӯша нишин
Дар суҳбат ба рух халқ бибаст
Фориғ аз халқ ба хилват бинишаст
Дев ҳар чанд чапу рости шитофт
Ҳеҷ бар раҳзаниаш даст наёфт
Рӯзӣ аз хок дараш сар бар зад
Сари ангушти адаб бар дар зад
Роҳиб аз савмиъа зад бонг ки кист
Бар дар ва дар задан ӯ пай чист
Гуфт ман исоам аз чархи барин
Омада то шавамат раҳбари дайн
Гуфт ман дайн вай омӯхта ам
Дида аз нури вай афрӯхта ам
Гар ҳамон дайн нахуст оварда сет
Холӣ аз фоида корӣ карда сет
Вари паии дайн дигар карда нузул
Ҳаргизи он дайн з ваем нест қабул
Дев чун дид ки он зарқу фусун
Ҳеҷ нагирифт дар он поки дарун
Бонги бардошт ки ман Иблисам
Лек ту эминӣ аз талбисам
Аз хато ҳар чаҳ бипурсӣу савоб
Гӯямат бар наҳҷи сидқи ҷавоб
Гуфт аз макри ту огоҳами ман
Гуфтугӯӣ ту намехоҳам ман
Дев чун гашт хиҷолат зада боз
Дод роҳиби зпӣ ӯ овоз
К-эй шудаи каҷравиати одату хуй
Пурсамти як ду сухан рост бигӯӣ
Ки дарин доираи дайри шикаст
Кӣ бар ин тайифа ?ут бошад даст
Гуфт он рӯз ки аз зулмати хашм
Пардаи шан баста шавад бар дилу чашм
Донишу бенишашон кам гардад
Пушти диндорӣашон хам гардад
Ҳамчуи гӯйӣ ба кафи навзодон
Як ба як аз заду барадаши шодон
Пеши чавгон ман уфтанд забун
Ҳолашон ҳар нафасии дигргўн