Исои он рӯҳ ки ин сӯрати ҷисм

Буд бар ганҷи илоҳяши тилисм

Рӯзӣ аз дил дар роҳат ме зад

Гом дар роҳ саёҳат ме зад

Дид дар кунҷи яке дайри хароб

Хуфтае рахт хирад дода ба хоб

Дида аз нодарра дидани баста

Гӯш аз нуктаи шунидани баста

Сохта дар қафаси танги даҳон

Тӯтии нотиқаро гунги забон

Зад сари пой ки эй рафтаи зи даст

Майл боло кун азин пояи паст

Дидау гӯшу забонро бигушоӣ

Тоза кун бар дили худ ёди худоӣ

Сафҳаи лавҳи ҷаҳон дафтар ӯст

Нусхаи сунъ бадоеъгар ӯст

Нақши ин лавҳ бихон ҳарф ба ҳарф

Бишинав аз ҳар яке асрори шигарф

Бар карамҳоаш санохонӣ кун

Бар рқмҳош дроФшонӣ кун

Хуфта ин гуфта зи исо чу шунид

Дар ҷавобаши зи сухан чора надид

Сар баровард ки бигзор маро

Нест бо халқи ҷаҳони кори маро

По ба як сӯй кашидам зи миён

Фориғ аз оламаму оламён

Мужда аз ман ба ҷаҳони ҷӯёни даҳ

Ки ҷаҳони ҳам ба ҷаҳони ҷӯён ба

Гуфт ъисиш чу бишунид ҷавоб

Хоб кун хоб ки хуши бодати хоб

Банди андӯҳи Неи шоди бхсб

Бандаи каси Неи озоди бхсб

Ҳамаи машғӯлии олами кўлист

Тарки кӯлӣ ба худои мшғўлист