Чун Зулайхои зи маи канъонӣ

Монад дар доираи ҳайронӣ

Бозуии ишқ бар ӯ зӯр оварад

Талхии ҳиҷр дар ӯ шӯр оварад

Кардаш аз анҷумани пайдое

Ҷой дар зовияи танҳоӣ

Шуд ҳиҷоб аз назари асҳобаш

Парда « ғлқти алобўобш »

Доман исматашон кард раҳо

Майл « ҳиммат ба ва ҳам баҳо »

Шавқи бастади зи каф ҳар ду зимом

Ҳар ду гаштанди зи ҳам толиби ком

Ногаҳони ҷусти Зулайхо аз ҷой

Аз сари тахти тараби пардаи рубой

То шавад монеъи дидор касе

Пардаи пӯшед ба рухсор касе

Юсуфаш гуфт ба сад гӯнаи шигифт

Ки чаҳ чизаст пас парда наҳуфт

Гуфт дорам санамӣ аз зари ноб

Пой то сари гуҳару лаъли хўшоб

Солҳо шуд ки ҳаводор ваем

Рӯй бар хок парастор ваем

Шармам ояд ки пас аз чандини сол

Бинадам фоши дарин нохуши ҳол

Гуфт Юсуф ки на қосири назарам

Ман бад-ӣни шарми сзоўортрм

Ту азин пайкар бенафъу зарар

Ки худ оростӣ аз гавҳару зар

Мондае рӯй хиҷолат дар пеш

Дида май бандяш аз дидани хеш

Ман азон пок ки нафъ ва зр азуаст

Баҳру кони пари зару пар гавҳар азуаст

Чун набошам хаҷалу шарманда

Сари тшўир ба пеши афканда

Ин сухан гуфт ва ба дар рӯй ниҳод

Бар Зулайхо дар ҳурмон бикшод