Чаҳ хуш вақтеу хуррами рӯзгорӣ

Ки ёрӣ бар хӯрд аз васли ёрӣ

Барафрӯзад чароғи ошноӣ

Раҳоӣ ёбад аз доғи ҷудоӣ

Чу Юсуф шуд ба хӯбии гарми бозор

Шудандаш Мисрён яксар харидор

Ба ҳар чизе ки ҳар кас дастрас дошт

Дар он бозори байъ ӯ ҳавас дошт

Шунидам каз ғамаш золӣ барошуфт

Танидаи ресмонӣ чанд ме гуфт

Ҳамин бас гарчи баси косади қумошам

Ки дар силк харидоронаш бошам

Мунодӣ бонг мезад аз чапу рост

Ки мехоҳад ғуломӣ бе каму кост

Рух ӯ матлаъи субҳи сабоҳат

Лаб ӯ гавҳари кони малоҳат

зи симои салоҳаши чеҳраи пари нур

Ба ахлоқи киромаши синаи маъмур

Наёрад бар забони ҷузи ростии ҳеҷ

Набошад дар калом ӯ хаму печ

Яке шуд зон миёнаи аввали кор

Ба як бадараи зари сурхаши харидор

Азон бадара ки чун хоҳии шумориш

Биёбӣ аз дурусти зари ҳазораш

Харидорони дигари Рахши ронданд

Ба манзилгоҳи сад бадараи расонданд

Бар он афзуди давлатманди дигар

Ба қадари вазни Юсуфи машки азФр

Бар он донои дигари сохт афзӯн

Ба вазнаши лаъли ноб ва дар макнун

Бад-ӣни қонӯн тараққӣ ме намуданд

зи анвоъ нафоис ме фузуданд

Зулайхои гашти азин маънии хабардор

Музоъафи сохт онҳоро ба як бор

Харидорони дигар лаб бибастанд

Пас зонуӣ навмидӣ нишастанд

Азизи Мисрро гуфт эй накӯи рой

Бирав бар молики ин қимат бипаймоӣ

Бигуфто ончӣ ман дорам дафина

зи машку гавҳару зар дар хазина

Ба як нимаи баҳояши брнёид

Адои он тамом аз ман кӣ ояд

Зулайхо дошт дарҷии пари зи гавҳар

На дарҷӣ балки бурҷии пари зи ахтар

Баҳои ҳар гуҳар зон дарҷи макнун

Хароҷи Миср будӣ балки афзӯн

Бигуфто кини гуҳарҳо дар баҳояш

Бидиҳ эй гавҳари ҷонами фидояш

Азиз оварад боз аз нави баҳона

Ки дорад майли он шоҳи замона

Ки дар хайли ваии ин покизаи домон

Буд сари дафтари дигари ғуломон

Бигуфто рӯи сӯии шоҳи ҷаҳондор

Ҳақи хидматгузориро баҷои ор

Бигӯ бар дили ҷузи ин бандӣ надорам

Ки пеши дида фарзандӣ надорам

Сарафрозии Фзои зини эҳтиромам

Ки ояд зери фармони ин ғуломам

Ба бурҷами ахтар тобанда бошад

Марои фарзанду шаҳро банда бошад

Чу шоҳи ин нукта санҷида бишунид

зи базли илтимосаш сар напечед

Иҷозат дод то ҳолеи харидаш

зи меҳри дил ба фарзандӣ гузидаш

Ба сӯии хонаи барадаши хурраму шод

Зулайхо шуд зи банди меҳнати озод

Ба мижгони гавҳари шодии ҳамеи сифт

Ду чашми худ ҳаме молида ва ме гуфт

Ба бедорӣаст ё раб ё ба хоб аст

Ки ҷони ман зи ҷонон комёб аст

Ба шабҳои сияҳ кӣ буд умедам

Ки гардад рӯзии ин рӯзи сифедам

Шабамро субҳи фирӯзии баромад

Ғаму ранҷи шборўзии саромад

Шудам бо нозанини хеши ҳамроз

Сазад акнӯн ки бар гардун кунам ноз

Дарин мҳнтсро беғам чу ман кист

Пас аз пажмурдагии хуррам чу ман кист

Чаҳ будам моҳе дар мотами об

Тпон бар реги тФсон аз ғами об

Даромад силӣ аз абри каромат

Ба дарёи барад азон регами саломат

Ки будам гмраҳ дар зулмати шаб

Расидаи ҷон з гумроҳем бар лаб

Баромад аз уфуқи рухшандаи моҳӣ

Ба кӯй давлатам бинмуд роҳӣ

Ки будам хуфтае бар бистари марг

Халида дар раг ҷон нашутур марг

Даромад ногаҳони Хизр аз дар ман

Ба об зиндагӣ шуд ёвари ман

Биҳамдиллоҳ ки давлат ёрем кард

Замонаи тарк ҷон озорем кард

Ҳазорон ҷони фидои он накукор

Ки оварад инчунин нақдӣ ба бозор

Чаҳ ғамгар ҳуққаи гавҳари шикастам

Чу омад маъдани гавҳар ба дастам

Ба пеши нақди ҷони гавҳар чаҳ бошад

Туфайл дӯст бошад ҳар чаҳ бошад

Ҷамодӣ чанд додам ҷони харидам

Бномизди аҷаби арзони харидам

Кӣ аз нақди худ он кас баҳра бинад

Ки исо бидиҳаду хар муҳра чӣанд

Агар хрмҳраҳро бадрӯд кардам

Чу исои он ман шуд суд кардам

Ба шеъри фикрати ин асрор май бехат

Сиришк аз чашми гавҳарбор май рехт

Гуҳӣ дар рӯй Юсуфи лол май буд

зи доғи ҳиҷри фориғи бол май буд

Гуҳ аз ҳиҷри гузашта ёд ме кард

Ба васлаши хотири худ шод ме кард