Дарин фирӯзаи кохи дайри бунёд

Аҷаби ғофил ниҳодаст одамизод

Набошад дأб ӯ неъмати шиносӣ

Надонад табъ ӯ ҷузи носипосӣ

Ба неъмат гарчи умрӣ бигузаранд

Надонад қадари он то дар намонад

Басои ошиқ ки бар ҳиҷрон далер аст

Ба он пиндор каз маъшӯқ сайр аст

Фалак чун оташ ҳиҷрон фурӯзад

Чу шамъаш тан бакоҳад ҷон бисӯзад

Чу зиндон бар гирифторони зиндон

Гулистон шуд азон гулбарги хандон

Зулайхои каш азон сарви ягона

Ба аз хуррами гулистон буд хона

Чу он сарв аз гулистонаш бадар шуд

Гулистонаши зи зиндони тира тар шуд

Ба танг омад дар он зиндони дил ӯ

Яке сад шуд зи ҳиҷрони мушкил ӯ

Чаҳ мушкил зон бтар бар ошиқи зор

Ки бедилдор бинад ҷои дилдор

Чаҳ осоиш дар он гулзор монад

Казу гули рахти бандад хор монад

Синони хор дар гулзор бе гул

Буд хоссаи паии озори булбул

Чу холӣ дид азон гули гулшани хеш

Чу ғунча чок зад пероҳани хеш

зи ғам чун пар барояд ҷони ғамнок

Чаҳ бок ар ҷайби худ ошиқ занад чок

Дарӣ бар синаи худ май кушояд

Ки ғам берун равад шодии даройад

Ба нохуни ҳамчуи гул рухсор ме кунад

Чу сунбули мӯии анбар бор ме кунад

Чу будаш рӯйу мӯӣ аз ҷони нишоне

зи ҳиҷри ёр худ мекунад ҷонӣ

зи дасти дил ба синаи санг май кӯфт

Ба қасди ҳиҷри табли ҷанг май кӯфт

Агарчӣ буд шоҳи хайли хӯбӣ

Шикаст омад бар ӯ зон табли кӯбӣ

Ба фарқи сар ба панҷаи хок май бехат

Сиришк аз дидаи ғамнок май рехт

зи хок ва об мекард инчунин гул

Ки бандади рахнаҳои ҳиҷр бар дил

Вале рахна ки ҳиҷрон дар дили афканд

Бад-ӣни як мушти гул мушкил шавад банд

Ба дандони лаъл чун унноб ме хаст

Ба ақд дар ақиқ ноб ме хаст

Магар май хост то бинишонад он хӯн

Ки аз ҷӯши дилаш май рехти берун

Рухи гулгуни худ ме сохт нилӣ

Чу нилӯфари зи зарбатҳои силӣ

Ки сурхӣ дар хур омад хуррамӣ ро

Нишоед ҷузи кабӯдии мотамӣ ро

зи дили хунини рақам бар рӯ ҳаме зад

Ба ҳасрати даст бар зону ҳаме зад

Ки ин корӣ ки ман кардам ки карда сет

Чунин заҳрӣ ки ман хӯрдам ки хӯрдаи сет

Дарин мҳнтсрои як ишқи пеша

Назд чун ман ба пои хеши теша

Ба дасти хеши чашм хеш кунадам

зи кӯрии хешро дар чаҳ фикандам

зи ғами кӯҳӣ ба пушти хеши бастам

Ба зери кӯҳи пушти худ шикастам

Дилам хӯн шуд чу ҳинои рӯзгорӣ

Ки оварадам ба кафи зебои нигорӣ

зи дастони фалак бхтмн ошуфт

зи даст хеш додам доманаши муфт

Ба ҷонам аз дили овораи хеш

намедонам чаҳ созами чораи хеш

бад-инсон навҳа ҷонсӯз ме кард

Шаби андӯҳи худро рӯз ме кард

з ҳар чизе казу бӯе шунидӣ

Ба буи ӯ зи ҷон оҳӣ кашидӣ

Гирифтӣ дмбдми пероҳан ӯ

Ки рӯзии суда будӣ бар тан ӯ

Чу гули атри димоғ хеш кардӣ

Бидон таскини доғ хеш кардӣ

Гуҳии рӯ бар гиребонаш наҳодӣ

Ба сад ҳасрати зиҳашро бӯса додӣ

Ки тавқи ҳишмати он гарданаст ин

Чаҳ гуфтам риштаи ҷон манаст ин

Гуҳӣ дар остинаши дасти барадӣ

зи бахти он дастбурди худ шимурдӣ

Наҳодӣ бар ду чашми худ ба таъзим

Ба ёд соидаш кардӣ пар аз сим

Гуҳӣ кардӣ ба дидаи доманаши ҷой

Ки рӯзии судаи рӯ бар пушти он пой

Намӯдӣ ноумед аз поибўсӣ

Ба домнбўсӣ ӯ чоплусӣ

Чу давр аз фарқ дидӣ афсараш ро

Фишондӣ гирди лаълу гавҳараш ро

Ки ин ҳамсояи он фарқ бӯда сет

Ҷаҳонӣ бар заминаши фарқи судаи сет

Камарро каз намеёд додӣ

Чу дидӣ бандагиро дод додӣ

Ба ёди оҳӯии сайди афкани хеш

Камандаши сохтӣ дар гардани хеш

Чу зркши ҳалааш аз ҳам кушодӣ

Ба гиряи дидаи пари нами кушодӣ

Бишустӣ доман аз ашки ниёзаш

зи ашки лаъли худ бастии тарозаш

Чу нълинш ба ҷое ҷуфт дидӣ

Азон бӯсӣ ба ҷонӣ муфт дидӣ

Бадви ҷуфташ шудан дар дили гузаштӣ

з бе ҷуфтяши тоқати тоқи гаштӣ

Наҳодӣ банд бар дил аз дўолш

зи хӯн дида додӣ ранги олаш

бад-инсон ҳар дамаш аз нави ғамӣ буд

з ҳар чизеи ҷудо дар мотамӣ буд

Чу қадари неъмат дидор нашнохт

Ба доғи даврӣ аз дидори бгдохт

Пушаймон шуд вале судӣ набӯдаш

Ба ғайр аз сабр беҳбӯдӣ набӯдаш

Вале сабр аз чунон рӯ чун тавон кард

Кӣ аз дили меҳр ӯ берун тавон кард

Ҳалоки ошиқ аз ҷонон ҷудоӣаст

Ба тахсӣси онкии баъд аз ошноӣаст

Чу уфтад ақди суҳбат дар миёна

Буд фурқати азоб бе карона

Вагар пайванди суҳбат дар миён нест

Ҷудоӣ нохушаст аммо чунон нест

Ба танг омад зи худ тарк худӣ кард

Ба некӣ чун нашуд майл бадӣ кард

Сари худ бар дар ва девор ме зад

Ба синаи ханҷар хунхор ме зад

Ба бом қаср мешуд посбони вор

Каз онҷои афканди худро нигунсор

Таноб аз гесуии шбрнг ме сохт

Бидон роҳи нафасро танг ме сохт

Халосӣ аз ҷафои даҳр май ҷуст

зи шарбатдори ҷоми заҳр май ҷуст

з ҳар чизе ки пас ё пеш май хост

Ҳамаи асбоби марги хеш май хост

Ҳаме бӯсед дояи дасту поиш

Ҳаме гуфт аз самими дили дуояш

Ки аз ҷонони мураттаби боди комат

зи лаъл ӯ лаболаби боди ҷомат

Раҳоӣати ончунон бод аз ҷудоӣ

Ки ҳаргизи ноидти ёд аз ҷудоӣ

Замонӣ бо худ ои ин бехудӣ чанд

Хирадмандӣ гузин нобахрадӣ чанд

Дили моро зи ғам хӯн мекунӣ ту

Ки карда сети инки акнӯн мекунӣ ту

з ман бишинав ки ҳастам пери ин кор

Шикебе буд тадбири ин кор

з бесабрӣ фитодӣ дар табу тоб

Бар ин оташ бирез аз абри сабри об

Чу гирад сарсари меҳнат вазидан

Набояд ҳамчуи коҳ аз ҷо паридан

Ба он бошад ки дар домани кашии пой

Ба сон кӯҳ бошӣ пой бар ҷой

Сабурии моя фирӯзӣ омад

Қавитар поя беҳрузӣ омад

Сабурии миваи умедати орад

Сабурии давлати ҷовидати орад

Ба сабри андари садаф борон шавад дар

Ба сабр аз лаълу гавҳар кон шавад пар

Ба сабр аз дона ояд хӯшаи берун

зи хӯшаи раҳравонро тӯшаи берун

Ба сабри андари раҳми як қатраи об

Шавад на моҳро моҳи ҷҳонтоб

Зулайхо бо дилу ҷони рамида

Шуд аз гуфтор доя орамида

Гиребонии дарида то ба доман

Кашид аз сабр кӯшӣ по ба доман

Вале сабрӣ ки гирад ошиқаши пеш

Ба қавли носеҳони маслиҳати кеш

Чу гардад носеҳ аз гуфтори хомӯш

Кунад он ҳарфро ошиқи фаромӯш