Азин гуфту гӯ чун сим лаб бадухт

Чаҳоруми чароғ насиҳат фурухт

Нахуст аз дуо кард оғози панд

Ки эй бо хиради панди бихаради писанд

Чу эзад ба дили тухми сабрати ниҳод

Бар ин кишти борандаи абрати ниҳод

Ҳар он музтариби каш на оромиш аст

Ба оромишаши охир анҷомаш аст

Дарин тези рӯи гунбад бо сукӯн

Қадамгоҳ ҳар ҷунбиш омад сукӯн

зи ҷон ҳар чаҳ ҷунбад дарин паҳни дашт

Ба таскини маргаш буд бозгашт

Бад-ӣни доира ҳар ки по дар наад

Чу давраш ба охир расад сар наад

Чу бар сайди ханҷари занӣ дар шикор

зи аввал буд ҷунбиши охири қарор

Сипоси фаровони худованд ро

Ки кард ин каромати хирадманд ро

Ки бинад дар оғози анҷоми хеш

Бурун наниҳад аз ҳукми он гоми хеш

Шикебӣ ки анҷом ҳар мотам аст

Мар ӯро дар оғози он ҳамдам аст