Чу сарчашмаи файзи Искандарӣ
Казу буд ҳамчун садафи гавҳарӣ
Дар он коғазӣ каз Арастӯ расед
Басии доруии сабр печида дид
зи доруӣ ӯ дафъ тимор кард
Давои дилу ҷон бемор кард
Балии шарбатӣ буд он маънавӣ
Ба вай аз шифохонаи исавӣ
Вази он пас яке нома ангез кард
Сари номаро анбаромез кард
Ба номи ҳакимӣ ки ҳар неку бад
Ба ҳукм вайаст аз азал то абад
Агар бар дараш марг агар зиндагӣаст
Сроўрдаҳ дар рбқаҳ бандагӣаст
Буд ҳикмат ӯ ниҳон дар ҳама
Ба ҳикмат буд ҳукмрон бар ҳама
Ба ҳукм вай оянд халқу раванд
Ба ҷузи ҳукм ӯ ҳукм кас нашунаванд
Сикандар ки бар чарх афсар кашид
Наёраст аз ҳукм ӯ саркашед
Ба фармон ӯ зист чандон ки зист
Чу фармон марг омадаш хӯн гирист
Вале гиряаш ҳеҷ корӣ накард
Ба он оби дафъ ғуборӣ накард
Маро гарчи бар дил нишаст он ғубор
Шуд он серумаи дидаи эътибор
Бидидам саранҷоми кори ҳама
Ки бар чист охири қарори ҳама
Марои зини мусӣбат ки ногуҳ расед
Сад андӯҳ бар ҷон огаҳ расед
Дилам буд дар сабри лекин чу кӯҳ
Наҷунбед азин мотами пари сутӯҳ
Чаҳ имкон буд сайли анбӯҳ ро
Ки аз бех ва бен барканд кӯҳ ро
Касе каз ғами худ буд дили гарон
Чаро гиряд аз мотами дигарон
Агар маргро созгорӣ кунам
Азон ба ки бар мурда зорӣ кунам
Марои худ чунин буд ҳол эй ҳаким
Ки омад хаттӣ аз ту анбари шамем
Ба ҳар нуқта зу нуктае дилписанд
Ба ҳар ҳарфи азуи сад фараҳ карда банд
Ба ҷони ахтари ҳуш азон тоб ёфт
Ба дили мазраъи сабр азон об ёфт
Асос хирад дид азон муҳкамӣ
Ғам ва меҳнат оварад рӯ дар камӣ
Ҳаёти абади ршҳи калаки ту бод
Низоми адаби назми силки тўбод
Чу он номаи ғам ба поёни расонад
Нами ҳасрат аз чашм гирён фишонд
Вази он пас яке лаҳза хандон назист
Кунам қиссаи кӯтоҳ чандон назист
На ӯ зист ҷовиди не мо зӣем
Камӣнгоҳ маргем ҳар ҷо зӣем
Макун ҳастӣ ҷовдонии ҳавас
Ки ин хосса кирдигорасту бас
Биёи соқиои кон ки фарзона аст
Зада даст дар даст паймона аст
Чу оради ғами марг бар дили шикаст
Нагирад касе ғайри паймонаи даст
Биёи мтрбо то зи чанги сипеҳр
Бабрем чун бхрдони тори меҳр
Ки охири аҷал теғ хоҳад кашид
Ба нохости ин ришта хоҳад бурид