Ибн мқФъ гуяд : ктбхонаҳи ҳукамои ҳиндро бар сад шутур мекашиданд , малики эшон истидъоӣ ихтисор кард ба ду шутур боз овараданд ва ба такрори истидъо бар чаҳор калима қарор гирифт :
Калимаи нахустин дар далолати подшоҳон ба адолату раияти парварӣ
Чу гардад шоҳи олами адли пеша
Шавад осоиши гуҳи гуҳ ҳамеша
Чу нолад бедилӣ аз синаи ришӣ
Буд яксар зи неши зулми кешӣ
Халосиро зи даҳри печ бар печ
зи шоҳони адл май бояд дигар ҳеҷ
Калимаи дуюм дар васияти раият ба некӯкорӣу фармонбардорӣ
Тухми зулми шоҳи нофармонии мардум буд
Ҷӯ чу кории ҳосили он кушта кӣ гандум буд
Калимаи сиўм дар муҳофизати сиҳҳати абадон ки то гурусна нашаванд даст ба таом наёранд ва чун бихӯранд пеш аз онкӣ сайр шаванд даст аз таом бидоранд
Он ба ки зи асбоби марази парҳезӣ
Вази нанги табибон дағал бигурезӣ
Ногашта тиҳии меъда ба хон нанишинӣ
Зон пеш ки меъда пуркунӣ бархезӣ
Калимаи чаҳорум дар насиҳати занон ки чашм аз рӯй бегонагон давр доранд ва рӯй аз чашми номаҳрамони мастур
Зани он буд ки ба ҳаркас ки нест муҳаррам ӯ
Агар чаҳ мардум чашмаст рӯй нанамояд
Ба рӯй ҳар ки на ҷуфт вайаст гарчи ба ҳасан
Буд чу моҳи фалаки тоқ , чашм накушояд