Гуноҳкориро пеш Халифа овараданд Халифа ба уқубатӣ ки мустаҳаққи он шуда буд фармон дод гуфт : эй амӣралмуъминӣни интиқом бар гуноҳ адласту таҷовуз аз он фазл ,у пояи ҳиммати амӣралмуъминӣн аз он олӣтараст ки аз ончӣ баландтараст таҷовузи намояд ва ба ончӣ фурӯтараст фурӯд ояд .

Халифаро сухани вай хуш омад , гуноҳи вайро афв фармуд .

Афви гуноҳи фазл буд интиқоми адл

Зон то ба ин зи чархи барин то замин раҳ аст

Кӣ фазлро гузораду орад ба адл рӯй

Доно ки аз тафовути ин ҳар ду огаҳ аст