Дар таворих чунонаст ки панҷ ҳазор соли салтанати олами таъаллуқ ба габрон ва Муғон дошт ва ин давлат дар хонадони эшон буд зеро ки бо раоё адл мекарданду зулм раво намедоштанд дар хабараст ки худои таъолӣ ба Довӯди алайҳи ассалом ваҳй кард ки қавми хешро бигӯӣ ки подшоҳони аҷамро бади нгўинд ва дашном ндиҳанд ки эшон ҷаҳонро ба адл ободон карданд то бандагони ман дар вай зиндагонӣ кунанд .

Адлу инсофи дон на куфр ва на дайн

Ончӣ дар ҳифзи малик дар кор аст

Адл бе дайни низоми олам ро

Беҳтар аз зулми шоҳ дайндор аст