Вақте садиқи Акбари разии аллоҳи анҳу дар айёми хилофати худ дар канори кӯчаҳои Мадина май гашт ва бар дар хонаи хона май гузашт ногоҳ ба хона Эй расед ва аз он хонаи овози гиря Эй шунид ки занӣ байтӣ мехонд ва аз дидаи сиришк гарм меронад . Мазмуни байти онкӣ :

эй талъати ту ба хӯбӣ аз моҳи фузун

Пеши маи талъати ту хуршеди забун

Зон пеш ки доя бар лабами шер наад

Бар ёди лаби лаъл ту мехӯрдам хӯн

Самоъи он байт дар дили садиқи разии аллоҳи анҳу асар кард дар бикуфт , соҳиби байт берун омад , аз вай пурсед ки озодӣ ё банда ? гуфт : банда . Фармуд ки ин байт дар ҳавоӣ ки мехондӣ ва ин ашк аз барои ки меронадӣ ?

Гуфт : эй Халифа ба равзаи пайғамбари слии аллоҳи алайҳу силам ки аз ман бигузар ! фармуд ки аз ин мақом гом барнадорам то сари дили туро бар сар наёрам . Канизаки оҳ сард баровард ва яке аз ҷавонон банӣ ҳошимро зикр кард . Садиқи разии аллоҳи анҳу ба масҷид рафту хоҷаи он канизакро талабед . Вайро бихареду баҳоии вай тамом бидоду пеш маъшӯқаш фиристод .

Дило ба шоҳиди комат ки ҷуфтдонад сохт

Ҷузи он ки аз ҳамаи коми замона фард ояд

Ба дард кор барояд вагар туро он нест

Бинол то дили аҳли дилӣ ба дард ояд