Вақте рашид ба Кӯфа расед вазири вай ба нхосӣ даромад . Ғуломӣ бар вай арз карданд ки чун оҳанг Гана кардӣ мурғро аз ҳавои даровардӣ . Хабар ӯро ба рашиди расониданд . Бифармуд то ӯро бхриднд . Чун аз Кӯфаи азм риҳлат карданд шуниданд ки дар рӯз аввал мегиристу ҳаддӣ кунон мегуфт :

Он ки резади бигнаҳи хӯнам ба теғи ҳиҷри ёр

Ба ки аз хӯн чу ман шӯрида ҳоле бугзарад

Ман ки аз як рӯзаи ҳиҷрон инчунин рафтам зи даст

Вои ҷони ман агар моҳӣ ва солӣ бугзарад

Ин хабар ба рашид расед , вайро эҳзор фармуд ва аз ҳоли вай астФсор намӯд . Донист ки дар Кӯфа ба ишқ касе гирифтораст , тараҳҳум кард вайро озоди сохт . Вазир гуфт : ҳайф бошад ки чунин хуши овозиро озод кунанд . Рашид гуфт : дареғ бошад ки чунин баланди парвозиро банда гиранд .

эй он ки туро давлати шоҳӣ ҳавас аст

Ва озодии бандагони туро дастрас аст

Озод кун ӯро ки буд бандаи ишқ

Кони длшдаҳро бандагии ишқ бас аст