Тавонгарӣ дар аҳди яке аз золимон бамурд . Вазири он золими писари вайро талаб кард ва пурсед ки падари ту чаҳ гузоштааст ? гуфт : аз молу маноли чунин ва чунон ва аз ворисон , вазири кабӣрро идаи аллоҳи субҳона ва ин фақири ҳақирро .
Вазир бихандед ва фармуд ки мироси вайро ба ду ним карданд , нимиро ба вай гузошт ва нимиро барои подшоҳи бардошт .
Зулми пеша вазир нашносад
Ҷузи ҳақи подшоҳи моли ятем
Адл донад агар барад ба тамом
Фазл донад агар кунад ба ду ним