Сегӣ аз ҳар туъма бебаҳра бар дар дарвозаи шаҳри истода буд , дид қурсии нони гардони гардон аз шаҳр берун омад ва рӯй ба саҳрои ниҳоди саг дар дунболи вай давон шуд ва овоз дод ки эй қӯти тан ва вае қӯти равон , орзӯии дилу ороми ҷон ! азимат куҷо кардае ва рӯй ба куҷо овардае ?

Гуфт : дар ин биёбон бо ҷамъӣ аз сарҳангон аз гиреҳгону палангон ошноӣ дорам , эҳроми зиёрати эшон бастаам .

Саг гуфт : маро матарсон ки агар ба коми наҳангу даҳани паланг дар рафтае ман дар қафои туам .

Онам ки ба умри хеши ҳаргиз

Холӣ нашудам зи орзӯят

Гар гирди ҳама ҷаҳон бигардӣ

Сокин нашавам зи ҷустуҷӯят

Онон ки ҷуз ба нон набӯд зиндаи ҷонишон

Доранд рӯ ба хизмати дунон барои нон

Гар фии алмисли зи дасти касони сад қафо хуранд

Ҳамчун саг гурусна дуанд аз қафои нон