Ғўкӣ аз ҷуфти худ ҷудо монаду меҳнат беҷуфтяш бар канораи дарёи нишонд , ҳар сӯи назар май андохту хотири ғмдидаҳро аз ғам беҷуфтӣ мепардохт ногаҳон ,
Моҳе дид дар миёнаи об
Ҳамчуи оби равон равон башитоб
ё чу миқрозӣ аз сбикаҳи сим
Атласи сатҳи оби азу ба ду ним
ё чу эмини ҳилолӣ аз каму кост
Мутамойил ба ҷунбиш аз чапу рост
Чун ғўки вайро бидид хотираш ба суҳбат вай кашид , қисса бе ҷуфтии худро дар миён оварад ва аз ваии талаб мусоҳибат кард . Моҳӣ гуфт : мусоҳибатро муносибат дрбоистаст ва мусоҳибат нобоист суҳбатро ношоист .
Маро бо ту чаҳ муносиб ? марои ҷо дар қаъри дарё ва туро манзил бар канори соҳили марои даҳони хомӯш ва туро забони пар аз хурӯш , туро қубҳи лақои сипари бало , ҳар ки шакли туро бинад нахоҳад ки бо ту нишинад , марои ҳасани манзари сармояи хавфу хатар , ҳарки ба ҷамоли ман дида барафрӯзад чашми тамаъ дар висоли ман дузад .
Мурғони осмон дар ҳавоӣ мананду вуҳуши саҳро дар савдои ман сайёдони гоҳ чун дом дар ҷустуҷӯии ман бо ҳазор дида ,у гоҳ чун шаст аз бори орзӯмандии ман бо пушти хамида ин бигуфту роҳи қаъри дарёи бардошту ғўкро бар соҳил танҳо бгзошт .
Бо касе манишин ки набӯд бо ту дар гавҳари яке
Риштаи пайванди суҳбати иттиҳод гавҳар аст
Ҷинсро бо ҷинс ва бо ноҷинс агаргирӣ қиёс
Ин ба сони обу равған , ваон чу шер ва шукр аст