Соқии биёу бодаи даҳ акнӯн ки фурсат аст
Мутриб бизан тарона ки фурсат ғанимат аст
Чашмам ба рӯй шоҳиду гӯшам ба бонги чанг
эй пндгў бирав ки на ҷой насиҳат аст
Ҷони марои зи марҳами роҳат нишон мапурс
Каз ошиқии насиба ӯ доғ меҳнат аст
Пайкони обдор ки ояд зи дасти дӯст
Бар ошиқони сӯхтаи борон раҳмат аст
Зон дам ки срФкнд бар он остони маро
Бар гарданами зи теғи ту сад бор миннат аст
Ҳар сифлаи пай ба ганҷи қаноати куҷои барад
Ин нақд дар хазинаи арбоб ҳиммат аст
зи абнои даҳри вақт касе хуш наме шавад
Хуши вақти он ки мӯътакифи кунҷ азлат аст
Ҷомӣ ба ҷуст ва ҷӯ натавон васл дӯст ёфт
Мавқуф вақт бош ки ин кор давлат аст