Хатати гирди лаби он мишкӣн набот аст

Ки руста бар лаби об ҳаёт аст

Ба ҳар кас дорад он чашми илтифотӣ

Ба ҳоли мо чаро беилтифот аст

Ба роҳи каъбаи васлати ду чашмам

Яке чун диҷла ваон дигар Фурот аст

Закот лаб бидиҳ эй номусулмон

Ки як рукн аз мусулмонӣ закот аст

Ба қатли ман баротӣ дорад аз машк

Рахт каз вай на имкон наҷот аст

Лабат омад нигинии лаъл каз хат

Сияҳ карда паии меҳр барот аст

з саъдӣ нест то ҷомии ҷузи ин фарқ

Ки яксар шеъри ҷомӣ таййибот аст