Ёр рафт аз дидаи лекини рӯзу шаб дар хотир аст

Гар ба сӯрат ғоибаст аммо ба маънӣ ҳозир аст

Ошиқи андари зоҳир ва ботин набинад ғайри дӯст

Пеши аҳли ботини ин маънӣ ки гуфтам зоҳир аст

Дар ҳузури дӯст ҳар ҷониби назар кардан хатост

Як замон ҳозир нишин эй дил ки ҷонон нозир аст

Хотирам хуш нест ҳаргизи ҷуз ба зери бори ишқ

Пеши ошиқ ҳар чаҳ ҷуз ишқаст бор хотир аст

Ошиқи дарвеш то донист завқи сабру шукр

Бар ҷафоҳои ту собири вази балоҳо шокир аст

Он даҳонро сари ғайби алғиби дон каз шарҳи он

Ҳам ишорати мондаи оҷизи ҳам иборат қосир аст

Он прирўро ба афсуни сухан тасхир кард

Зон сабаб гӯйанд шоир нест ҷомӣ соҳир аст