Лола бе рӯй ту доғи дили мост
Доғи ту лолаи боғи дили мост
Доғи хӯни ин ҳама бар домани мо
Ршҳи хунобаи доғи дили мост
Дили мо хок дарат гаштау ғам
Дрбдр карда суроғи дили мост
Тоқи миҳроби хами абрӯят
Сияҳ аз дӯди чароғи дили мост
Чун бисӯзад ҷигар аз шуълаи шавқ
Буии он атри димоғи дили мост
Воъзои лофи балоғат чаҳ занӣ
Ваъзи ту лобау лоғи дили мост
Таъни машғӯли ҷаҳони ҷомӣ чанд
Шуғл ӯ баҳри фироқи дили мост