Чунин рухӣ ки ту дории ҳикоят гул чист

Фиғони ман чу шунидӣ ҳадис булбул чист

Ҳануз аз хати сабзати набӯдаи ҳеҷ асар

Надонам ин ҳамаи ошуфтагӣ сунбул чист

Баҳоии бӯсаи туро май диҳеми нақди вуҷӯд

Дарин муомилаи лаъли туро таъаллул чист

з рӯйу зулф ту донист ақли хурдаи шинос

Ки сари давр чаҳу маънӣ тасалсул чист

Ба ҳар шикаста дилӣ мекунӣ ба лутфи нигоҳ

Ба бахти мо чу расед ин ҳама тағофул чист

Балои ҳиҷри гузашт аз ҳад ва наме донам

Ки чораи ғайри шикебе ва таҳаммул чист

Шунидаам ки ба хўнризи ҷомии омада Эй

Биё ва теғ бикаш мӯҷиб тааммул чист