Аз кӯии зуҳди соҳати майхона хуштар аст

Вази вирди субҳи наъраи мастона хуштар аст

Як донаи нақл аз кафи риндони дарди нӯш

Дар дасти мо зи сбҳаҳи сад дона хуштар аст

Паймони зуҳд агар шаканд мӯҳтасиб ба май

Пеши ман аз шикастани паймона хуштар аст

То кӣ миёни анҷумани ифшои сари ишқ

Ин гуфту гӯ ба гӯшаи кошона хуштар аст

Девонае чаҳ хуш суханӣ гуфт каз ғамаш

Девонаи шӯ ки ишқи зи девона хуштар аст

Бегона вор оем азин пас ба кӯии ту

Каз ошно ба пеши ту бегона хуштар аст

Ҷомии ғамат ба синаи сад чок худ наҳуфт

Яъне мақоми ганҷ ба вайрона хуштар аст