Дарвешро сарои сари кӯии фано бас аст

Тарки матоъу хонаи матоъи саро бас аст

Гӯи ҳаргизами зи фарш мунаққаш мабош ранг

Паҳлуи мунаққаш аз асари бӯрё бас аст

Гар хозин ҳарам назанад наъра дароӣ

Аз уштурони қофилаи бонг даро бас аст

Натавон нишастан аз таку пў дар тариқи ишқ

Онро ки боди пои надиҳади дасти по бас аст

Гар рӯй зард мо нашуд аз ҷоми айши сурх

Захми кабӯди силии ғам бар қафо бас аст

Умри ҳарис дар талаби кимиёи гузашт

Моро қабули аҳли назари кимиё бас аст

Ҷомӣ ба малику мол чу ҳар сифла дил мабанд

Кунҷи фироқу ганҷи қаноати туро бас аст