Ғаззолӣ чун ту дар саҳроӣ чин нест
Чаҳ ҷои чин ки дар рӯй замин нест
Набинам лолаи рухсории дарин боғ
Ки доғи ишқат ӯро бар ҷабин нест
Даҳонатро вуҷӯди хурдаи байнон
Тасаввур кардаанд аммо яқин нест
Бунафшаи рост чун зулф каҷ туаст
Ҳамин рустаи зи тараф ёсамин нест
Нарафт аз ҷони таманнои лаби ту
Магас беорзӯӣ ангабин нест
Чаҳ суд эй зоҳид аз далқи муламмаъ
Чу аз ишқаши илм бар остин нест
Шудӣ бар рағми ҷомии ёри ағёр
Макун ҷоно ки шарти ёрӣ ин нест