Дай ки он нозанин сухан ме гуфт
Бо рафиқони ҳадис ман ме гуфт
Сӯии ман буд ишорати ғамза
Гарчи бо дигарон сухан ме гуфт
Намаки риши дили фигорон буд
Ҳар чаҳ он шӯхи ғамза зан ме гуфт
Субҳдами бод азон шамоили хуб
Нуктае чанд дар чаман ме гуфт
Лутфи он қади з сарв ме пурсед
Васфи он рӯй бо саман ме гуфт
Пеши гули гоҳ азон латофати тан
Гоҳ азон буи перҳан ме гуфт
Баҳри мурғони субҳи ҷомӣ низ
Ҳоли шабҳои хештан ме гуфт