Дил ки рӯзӣ чанд бо дидори ҷонон ху гирифт

Умрҳо ҷон кунад то бо дарди ҳиҷрон ху гирифт

Нест майли базми васл аз кулбаи ҳиҷрам ки чғз

Кам равад сӯии иморат чун ба вайрон ху гирифт

Ёди марҳам бар дили ман сахт меояд чу тир

То азон абрӯи камон бо захми пайкон ху гирифт

Қоматами чавгони серум гӯйаст дар майдони ишқ

То савори шӯхи ман бо гӯйу чавгон ху гирифт

Берух Лайлӣ махон маҷнӯни ҳайронро ба ҳӣ

Зонка он саргашта бо кӯҳу биёбон ху гирифт

Ғарқа дар хӯни дилам аз чашми намнокам чаҳ бок

Фикри борон кӣ кунад он кӯ ба тӯфон ху гирифт

Ҳамчуи ҷомии дард сар бинад зи болини ҳарир

Ҳар киро сар бар дарат бо санги дарбон ху гирифт