Он сангдил чу пеши асирон ғам нишаст

Ёрб сабаб чаҳ буд ки бисёр кам нишаст

Хоҳам нишаст бо ту ҳаме гуфт як ду рӯз

Акнӯн ки кард ваъдаи вафои як ду дам нишаст

Гар нест дар кафами гулӣ аз равзаи ҳарам

Ин бас ки хор бодияам дар қадам нишаст

Гар хуфт зери реги биёбони таниш чаҳ бок

Онро ки мурғи рӯҳ ба бом ҳарам нишаст

Шуд бар дилами маҷоли тпидни азими танг

Дар синаи бас ки тири ту паҳлавӣ ҳам нишаст

Сайли сиришк ман наравад зи остони ту

Чун соилӣ ки бар дар аҳл карам нишаст

Ҷомӣ ба рӯй худ чу дар васл баста дид

Дар кунҷи сабр рӯй ба девор ғам нишаст