Дар базми мо ки меравад аз нақлу ҷоми баҳс

эй мӯҳтасиб макун зи ҳалолу ҳароми баҳс

Зон зулфу рух ки ҳуҷҷати давр ва тасалсул аст

Бошад миёни аҳли назари субҳу шоми баҳс

Зон моҷаро ки бодаи фурӯи рехт аз лабат

Ҳар дам равад миёни суроҳеу ҷоми баҳс

Манъам кунӣ зи рух ки бигӯ тарки баҳси васл

То манъ ворид аст нагардад тамоми баҳс

Бо зоҳид фусурда магӯ шарҳи сари ишқ

Аз нуктаҳои хос макун пеши оми баҳс

Аз лаъл туаст ин ҳамаи ғавғои мо балӣ

Аз меравад ба маҷлиси мисатони мудоми баҳс

Ҷомии ҳадиси лаъли лабаши гӯй агар кунад

Бо мантиқи ту тӯтии ширини каломи баҳс