эй хоки раҳи ту аршро тоҷ
Як пояи з қадар туаст миъроҷ
Ту дар ятемӣ ва туро ҷой
Бартари зи ҳама чу дарраи алтоҷ
Фахри ту ба фақру тоҷдорон
Оварда ба фарқ бар дарат боҷ
Дар тираи шаби залоли хизлон
Нури ту шудаи Сироҷи вҳоҷ
Оёти ту дар замонаи зоҳир
Чун шбгўни хати зи суҳуфаи оҷ
Бар рӯй зада кафи хиҷолат
Бо ҷӯади кафи ту баҳри маввоҷ
Муштоқи раҳи туро муғелон
Дар зери қадами ҳариру дибоҷ
Ҷомӣ ки зи тундбоди исён
Шуд хирмани тоъаташ ба тороҷ
Акнӯн раҳи маъзирати гирифта
Мискин ба шафоати ту муҳтоҷ