Сари зулфат ки ҳаст аз бод гоҳе рост гоҳе каҷ

Бар он рухсори оризи бод гоҳе рост гоҳе каҷ

Чу дар мастии хиромии қадат аз хосияти бода

Шавад чун шохи гул аз бод гоҳе рост гоҳе каҷ

Хаёли қомату миҳроби абрӯии ту май бандад

Ки мехонд эмоми аврод гоҳе рост гоҳе каҷ

Дар он болоу зулф аз боғбони сунъи ҳайронам

Ки чун май пурвирди шамшод гоҳе рост гоҳе каҷ

Намози ман ниёз омад чаҳ ҳосил зонка дар масҷид

Шавам бар одати зӯҳҳод гоҳе рост гоҳе каҷ

Рақиби каҷи ниҳодати боди хуррами ростии корд

Ба ошиқи муждаи бедод гоҳе рост гоҳе каҷ

Хаёли қаду зулфати басти ҷомӣ дар сухан зон рӯ

Радифи шеър ӯ афтод гоҳе рост гоҳе каҷ