эй бе лаби туам ба даҳони қанди ноби талх
Дар коми ҷом бе лаби лаълати шароби талх
Зон дам ки даҳри заҳри фироқ туам чашонд
Шуд дар мазоқи айш маро хӯрду хоби талх
Аз дил ки сӯхти зи оташи ғами чошнии мгир
Тарсам ки оядат ба даҳони ин кабоби талх
Ширин макун ба нақли даҳонам чу май диҳӣ
Каз даст чун туе набӯд заҳри ноби талх
Кардам саволи бӯса ба ширинӣ аз лабат
Набӯд тариқи лутф ки гӯйии ҷавоби талх
Рӯят гуласту гиряи талхами азуи гулоб
Ҳаргизи гулии надод бад-инсон гулоби талх
Май бояд аз итоби ту ҷомии ҳаловатӣ
Оре наёяд аз лаби ширини итоби талх