Аз ёр куҳан намекунӣ ёд

Ин пешаи нави муборакати бод

Фарёд касе намекунӣ гӯш

Пеш ки кунем аз ту фарёд

Бо давлат бандагӣат ҳастем

Аз хоҷагии ду олами озод

Шояд ки туро фиришта хонанд

Кин лутф надорад одамизод

Он сӯхта ёфт лиззати ишқ

Каз васл нишон надид ва ҷон дод

Аз шукри ҷонФзои ширин

Парвиз наёфт завқи Фарҳод

Мурғ чаман вафост ҷомӣ

Дар доми ғаму бало чаҳ афтод